informatika-tj.ucoz.org Суббота, 21.06.2025, 23:25
| RSS
Асосӣ |
» Меню сайта

» Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 521

» Статистика

Главная » 2011 » Ноябрь » 19 » Таърихи пайдоиши Интернет
02:48
Таърихи пайдоиши Интернет

Таърихи пайдоиши Интернет

Соли 1957 аввалин мушаки Заминро ба кайхон сар доданд, ки он барои пайдоиши Интернет ибтидо гузошт. Пас аз ин ходиса дар вазорати мудофиаи ИМА Агентии Тадкикотии Накшахои Перспективи - ARPA (Advanced Research Project Agency) ташкил карда шуд. Соли 1962 ARPA дар назди худ вазифа гузошт, ки барои пайваст намудани компютерхои аз хамдигар дар масофаи дур чойгирбуда, компонентхои нав ва таъминоти программавии ба онхо мувофикро созад. Дар натича, шабакаи компютерии ARPANET пайдо шуд. Бо ёрии ин шабака информатсия аз як компютер ба компютери дигар на ба таври бефосила, балки кисм ба кисм равон ва кабул карда мешуд. Вале пас аз 10 сол намудхои гуногуни алокаи байни компютерхо (равон ва кабулкунии файлхо, ба кор андохтани программахо, почтаи электрони ва гайра) ба вучуд омаданд. Соли 1982 бошад,  протоколи (хизматрасонии махсуси шабакави) TCP/IP ихтиро карда шуд, ки он огози тантанаи Интернет ба хисоб меравад. Ба воситаи ин протокол ба хамдигар пайваст шудаанд.   То 1 январи соли 2000 Интернет 70 миллион компютерро ба хамдигар пайваст намудааст.

Дили шабакаи Интернетро якчанд компютерхои пуриктидор ташкил менамоянд, ки онхо ба воситаи хати алока бо хамдигар пайваст шудаанд. Суръати мубодилаи информатсия дар ин ин компютерхо ба 200 млн. бит дар як сония баробар аст. Бо ин компютерхо, дар навбати худ, ба воситаи хатхои алокаи суръати мубодилаашон сусттар хазорхо компютерхои дигар пайваст мешаванд. Бо компютерхои навбати ба воситаи каналхои махсус ва хатхои мукаррарии телефони боз садхо хазор компютерхои дигар пайваст шуда, дар натича алокаи миллионхо компютерхоро ба воситаи шабакаи Интернет бо хамдигар  баркарор менамоянд.

Тавре ки кайд намудем, агар шабакахои локали як микдор компютерхои ягон ташкилотро бо хам пайваст кунанд хам, вале онхо дастрас намудани информатсияи дар компютерхои ба ин шабака пайваст набударо таъмин карда наметавонанд. Дар чунин мавридхо истифодабарандагон метавонанд аз шабакахои регионали истифода баранд, ки онхо хамаи шабакахои локалии як регионро (ташкилотхо, нохияхо, шахрхо ва гайра) дар худ муттахид месозанд. Бисёр муассисаву ташкилотхо, ба мисли ташкилотхои харби, бонки ва гайра, барои хифзи информатсия дар байни худ шабакахои корпоративи ташкил менамоянд. Шабакаи глобалии компютерии Интернет бошад, дар худ шабакахои зиёди локали, регионали ва корпоративиро муттахид намуда, фазои информатсионии ягонаи чахониро ба вучуд овардааст, ки аз хизмати он миллионхо одамон хар рўз бархўрдоранд.

 

Просмотров: 11335 | Добавил: Сайфуллоҳ | Рейтинг: 3.1/34
Всего комментариев: 2
2 Imomiddin  
0
Таърихи пайдоиши Интернет

Ҳанўз 20 сол қабл Вазорати мудофиаи ИМА шабакаеро сохт, ки ба Интернет асос гузошт ва он ARPAnet ном дошта, бо мақсади дастгирии тадқиқотҳои илмии соҳаҳои саноати ҳарбӣ, аз ҷумла тадқиқи усулҳои сохтани шабакаҳои қисман осебдида тобовар ва дар шароити ҳассос ба таври мураттаб фаъолияткунанда сохта шуда буд. Принсипи асосӣ аз он иборат буд, ки ҳар гуна компютер метавонист бо компютери дигар пайваст шавад. Интиқол додани маълумот ба воситаи шабака дар асоси протоколи Интернет (IP) созмон дода мешуд. Протоколи IP маҷмўъи қоидаҳо оид ба кор бош абака мебошад. Шабака тавре ба нақша гирифта ва сохта мешуд, ки аз истифодабарандагон ягон ахбор дар бораи сохтори мушаххаси шабака талаб карда намешуд.
Тахминан 10 сол баъди ба вуҷуд омадани ARPAnet Шабакаҳои Мухтори Ҳисоббарорӣ, ба монанди Ethernet ва ғайраҳо ба амал омад. Дар аксари стансияҳои ШЛҲ, Системаи оператсионии UNIX гузошта шуда буд, ки имконияти бо протоколи Интернет (IP) фаъолият кардан дошт.
Ташкилотҳое пайдо шуданд, ки бо истифода аз протоколи IP шабакаи мустақили худашонро месохтанд. Акнун зарурати пайваст кардани ШЛҲ бо ARPAnet ба миён омад. Яке аз чунин шабакаҳои мустақил шабакаи NSFNET буд. Онро Бунёди Милии Илмии ИМА (NSF) сохта буд.
Дар охири солҳои 80 NSF панҷ маркази азимтарини компютериро созмон дода, онҳоро барои истифодабарӣ дар муассисаҳои илмӣ дастрас гардонд. Аммо кўшиши барои ташкили алоқа истифода бурдани ARPAnet ба девори бюрократии соҳаи низомӣ рў ба рў шуда ба нокомӣ дучор гашт. Дар натиҷа NSF дар заминаи IP технологияҳо шабакаи худашро бунёд кард. Марказҳо бо хати махсуси телефонӣ ба ҳам пайваст буданд, ки имконияти гузарондани 56 Kӣps доштанд.
Якҷоя истифодабарии компютерҳо истифодабарии бисёр чизҳои дигарро, ки ба компютери азамат дахл надоштанд, имконият медод. Гурухи ахбор дар шабака зиёд мешу два дар ниҳояти кор шабака ва хатҳои телефонии пайвасткунандаро пур кард.

1 loik-mirzoev  
0
Давом дорадми

Имя *:
Email *:
Код *:
» Поиск

» Календарь
«  Ноябрь 2011  »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

» Архив записей

» Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz


  • Copyright MyCorp © 2025