Принсипхои
асосии шабакаи Интернет.
Интернет шабакаи компютерии глобалиро
ифода мекунад. Ин шабакае мебошад, ки шабакахои алохидаро пайваст мекунад. Ба
таври дигар гўем, Интернет шабакаи шабакахост. Вай ивази ахборхоро дар байни
компютерхои ба он пайвастбуда таъмин мекунад.
Хар як компютери ба Интернет
пайвастбуда адресро сохиб аст, ки аз рўйи он муштари онро аз нуктаи дилхохи
замин ёфта метавонад. Хусусияти мухими Интернет аз он иборат аст ки, шабакахои
гуногунро муттахид намуда, дар он баробархукукиро таъмин менамояд. Хусусияти
дигари Интернет аз он иборат аст, ки эътимоднокии баландро сохиб аст. Дар вакти
аз кор баромадани як кисми компютерхо ва хатхои алока шабака кор кардан
мегирад. Чунин эътимодноки аз он сабаб таъмин карда мешавад, ки дар Интернет
маркази ягонаи идоракуни мавчуд нест. Агар баъзе хатхои алока ё компютерхо аз
кор бароянд, маълумотро бо хатхои дигари алока додан мумкин аст, зеро доимо
якчанд рохи интиколи маълумотхо мавчуд аст. Интернет ташкилоти
тичорати намебошад ва ба ягон кас мансуб нест. Истифодабарандагони он дар
тамоми мамлакатхои чахон мавчуданд. Истифодабарандагони Интернет ба шабака бо
ёрии компютерхои ташкилотхои махсус пайваст карда мешаванд, ки онхоро
таъминкунандахои хидмати Интернет меноманд. Ба Интернет муваккатан, доими
пайваст шудан мумкин аст.
Ба таври умуми Интернет дар байни хар
гуна ду компютер, ки ба шабака пайвастанд, ивази маълумотхоро таъмин мекунад.
Компютерхои ба Интернет пайвастбударо бештар вакт сайтхо меноманд. Сайтхо дар
таъминкунандагони хидматии Интернет карор гирифта, дасттраси
истифодабарандагонро ба он таъмин мекунанд. Инчунин сайтхое мавчуданд, ки барои тасвири маълумотхо махсус гардонида
шудаанд. Масалан, бисёр фирмахо сайтхоро дар Интернет ташкил карда, бо ёрии
онхо оиди молхо ва хидматхои худ ташфикот мебаранд.
Хар гуна компютери дар Интернет
пайвастбуда адреси нодир дорад. Адрес ба тарики яккимата мавкеи чойгиршавии
компютерро дар шабака муайян мекунад. Протоколи шабакави коидахои кори
компютерхои ба шабака пайвастшударо муайян мекунад. Протоколхои стандарти
мачбур мекунанд ки, компютерхои гуногун ба як забон «гуфтугу» кунанд. Хамин
тарик, имконияти ба Интернет пайвасткунии компютери намудашон гуногун,ки тахти
идораи системахои амалиётии гуногун кор мекунанд, пайдо мешавад.
Барои пайваст шудан ба Интернет хуб
мешуд, ки аввал компютерро бо системаи амалиётии Windows ва модем таъмин намуда ба
ягон ташкилоти махаллии он мурочиат намояд.
|