КОМПЮТЕРХОИ
ФАРДИ ВА КИСМХОИ ТАРКИБИИ ОН
Компютерхои фардии хозиразамон аз кисмхои зерин иборат аст
1. Блоки
системави
2. Монитор
3. Клавиатура
4. Муш
5. Принтер
Блоки
системави
кисми асоситарини компютер ба хисоб меравад. Дар дохили блоки системави манбаи
барк, микропротсессор, хотира ва дигар элементхои идоракунанда ва
таъминкунандаи кори компютер чойгир шудааст.
Манбаи
барк – барои
чараёни электрики тагйирёбандаро ба чараёни доими додан хизмат мекунад.
Микропросессор – элементи марказии коммпютер
ба хисоб меравад, ки онро низ майнаи компютер хам меноманд. Микропросессор
барои ичрои амалхои арифметикию мантики, нигох доштани барномахо ва маълумоти
ба онхо зарур ва идоракунии хамаи кисмхои компютер истифода мешаванд. Дар
компютерхои фарди асосан микропросессорхои Intel 8088, Intel
80286, Intel
80386, Intel
80486, Intel
Pentium
1,2,3,4 истифода бурда мешавад, ки онро ширкати амрикоии Intel
истехсол менамояд. Ба гайр аз ин, ширкат боз дигар ширкатхо низ
микропросессорро истехсол менамоянд.
Моделхои гуногуни микропросессорхо аз хамдигар аз рўйи суръати ичрокунии
амалхои оддитарин фарк мекунанд. Суръати ичроиши амалхоро зуддии такти
меноманд. Зудии такти бо мегагерс (МГс) чен карда мешавад.
Хотираи
компютер
барои сабт, нигохдори ва интиколи маълумот кор фармуда мешавад.
Хотираи компютер
пас аз микропросессор элементи дуюми асоси ба хисоб меравад. Хотира ду хел мешавад:
хотираи фаври ва хотираи доими.
Хотираи
фаври барои
муваккатан нигох доштани маълумотхо хизмат мерасонад.Микропросессор ахборотхоро
махз аз хамин хотира мехонад, бо онхо амалиётхои дар барнома пешбинишударо
мегузаронад ва натичахои хосилшударо боз ба хамин хотира равона месозад.
Хотираи
доими барои
ба муддати дуру дароз нигох доштани маълумотхо ва барномахо хизмат мерасонад.
Ба хотираи доими дискхои каиш (3,5 дюйм), мудаввар (CD - дискхо), дискхои дурушт ва
монанди инхо мансубанд.
Чудокунии хотираи
компютер ба хотираи фаври ва хотираи доими бо суръати коркарди маълумот
алокаманд аст. Дар хотираи фаври суръати коркард тезтар ва дар хотираи доими
бошад, нисбатан сустар ичро мешавад. Дар хотираи доими маълумот факат ба
воситаи хотираи доими сабт шуда метавонад.
Монитор.
Монитор, ки
онро баъзан дисплей низ меноманд, барои инъикоси матни барномахо дар дисплей
истифода шуда, яке аз кисмхои хоричкунии компютер ба шумор меравад. Монитор ду
речаи кори дорад: речаи матни (речаи кор бо рамзхо ва матнхо) ва речаи графики
(речаи кор бо нуктахои хурдтарини «Пикселхо», ки имкон медихад расму графикахо
тасвир шаванд).
Намудхои гуногуни
мониторхо мавчуданд, ки аз якдигар аз чихати имкониятхои худ ва рангхо фарк мекунанд. Асосан мониторхо аз рўйи
рангхо ду намуд мешаванд: мониторхои сиёху сафед ва ранга.
Дар компютерхои
фардии хозиразамон бештар мониторхои ранга истифода бурда мешавад ва мониторхои
сиёху сафед бошад, кариб аз байн рафтааст.
Мониторхои ранга
аз навъхои зерин иборатанд:
1. Мониторхои CGA(Color
Graphics Adapter
– Адаптери графики ранга, 4 хел намуди рангро дорад).
2. Мониторхои EGA (Enhanced
Color
Adapter
– Адаптери рангаи васеъкардашуда, 16 хел намуди рангро дорад).
3. Мониторхои VGA (Video
Graphics Array
– Массиви видеографики, 256 хел тобиши рангро дорад).
4. Мониторхои SVGA (Super
Video
Graphics Array
- Массиви видеографики оли, аз 65 000 то 16 млн. хел тобиши рангро дорад.)
Мониторхои
экранхояшон хамвор. Мониторхои
экранхояшон хамвор аз рўйи технологияи сохташон гуногун мешаванд. Масалан, LCD
(моеъкристали), PDP
(плазмави), LED
(электрони-нури), FED
(электролюминессенти).
Мониторхои моеъкристали
лавхаи хамвори катакчадор «пиксел» буда, дар байни ду шишаи хамвор моеи
кристали дорад. Ин монитор хосиятхои хоси худро дорад. Дар вакти ба чараёни
электрики пайваст намудани монитор майдонхои электрики таъсир карда, рангхои
гуногунро пайдо мекунад. Ба воситаи катакчахои хурд шуохои ранга баромада,
тасвир хосил мешавад. Мониторхои моеъкристалии хозиразамон зиёда аз 16 млн.
тобиши рангхоро доро мебошанд.
Бартарии
мониторхои хамвори хозиразамон инхо мебошанд:
- Чараёни электрикиро на он
кадар бисёр истифода мебаранд.
- Сифати баланди тасвирро
доранд.
- Нурафкании электромагнити
надоранд ва хоказо.
Дар мониторхои плазмави
тасвир дар натичаи разряди гази, ки бо нурафкани хамрох аст, ба вучуд меояд.
Дар мониторхои электролюминессенти
тасвир дар натичаи ба хокаи люминессенти, ки ба кисми дохилии экран бо панчараи
координати пош дода шудааст, таъсир намуда, майдони электрики ба вучуд меояд.
Дар мониторхои электрони-нури тасвир дар натичаи ба рўйи
люминофории экран бо нурхои борики электронхо нурафкани намудан ба вучуд меояд.
Сатхи люминофори се намуди нуктахо ё порчахои пачнро дар бар дорад, ки бо рангхои сурх, сабз, ва кабуд равшан
мешавад. Онхо бо се нур нурафкан мешаванд. Нурхои электрониро найчаи электрони
– нур хосил менамояд. Барои ин дар тачхизоти мазкур се нурафкани электрони
мавчуданд, ки хар кадоме танхо нуктаи як рангро равшан карда метавонанд.
Интенсивияти хар як нурро тагйир дода, равшании нуктахои нурафканшударо тагйир додан мумкин аст.
Клавиатура
– тачхизотест,
ки аз тугмачахо иборат буда, барои дохил намудани рамзхои алифбои, раками,
китобати ва инчунин, барои дохил намудани фармонхои идоракунии компютерхои
фарди пешбини шудааст
Дар компютерхои
фардии муосир клавиатура тавассути бандари пайдарпай ба блоки системави пайваст
мешавад.
Микдори умумии
тугмачахо дар намуди базавии клавиатура ба 84 баробар буда, дар намуди
васеъкардашуда ба 104 баробар аст.
Тугмачахои
клавиатураро асосан ба чор гурўх таксим мекунанд:
1. Тугмачахои асоси.
2. Тугмачахои функсионали.
3. Тугмачахои ракамхои
иловаги.
4. Тугмачахои махсус.
Shift
– барои гузариши курсор аз харфхои хурд ба калон.
Caps Lock
– барои пурра ба харфхои калон гузаштан.
Пробель – фосила.
2.
Тугмачахои функсионали. Ба ин гурўх тугмачахо аз F1 то F12 дохил
мешаванд. Ин тугмачахо таъиноти аник надоранд. Дар хар як барнома функсияхои
онхо иваз мешаванд. Дар аксарияти барномахо пахши тугмачаи F1 системаи маълумотдихии
ёрирасон (Help)-ро
ба кор медарорад. Тугмачаи F5
дар тахриргари матнии Ms.
Word
фармони «Заменить»-ро ичро менамояд ва F7 бошад формони
«Правописание».
3. Гурўхи тугмачахои ракамхои
иловаги. Ба ин гурўњ тугмачахое дохил мешаванд, ки дар тарафи рости
клавиатура чойгир шудаанд. Ба ин гурўх
ракамхо аз 0 то 9, аломатхои
амалхои арифметики ва инчунин, тугмачахои зерин дохил мешаванд:
Home
– гузариши
курсор ба авали сатр , End - гузариши
курсор ба охири сатр, Page Down
– варакгардонии экран ба поён, Page Up
– варакгардонии экран ба боло, Delete
– нест кардани рамзи тарафи рости курсор, Insert
– гузоштани чой дар байни калимахо ва Num Lock
– васлу хомўш кардани таъиноти тугмачахои ракамхои иловаги.
4.
Гурўхи тугмачахои махсус – Ба ин гурўх тугмачахои
зерин дохил мешаванд:
Esc
– боз доштани
ичроиши барнома, Tab
– гузоштани чой аз аввали сатр, Ctrl
ва Alt
– ин ду тугмачаро бо хамрохии дигар тугмачахои клавиатура истифода мебаранд.
Масалан, Ctrl + F2 ё Shift + Alt.
Print
Sсreen
– нусхабардори ва чопи экран, Scrol Lock
– боз доштани функсияхои тугмачахои варакгардонии экран, Pause – муваккатан боз доштани
рафти ичроиши барнома, Enter
– дохил кардани сатр ё ин ки фармони
барномахо ба хотираи компютерхои фарди, Backspace
– нест кардани тарафи чапи курсор.
Муш – ин тачхизоти ба клавиатура
иловагии идоракунї мебошад. Он ба блоки системави тавассути бандари пайдарпайи PS/2
пайваст мегардад.
Муш дар ИМА дар
маркази таткиќотии ширкати Xerox
дар Пало – Алто (PARC
– Palo
Alto
Research Center)
ихтироъ шудааст.
Муш ба куттичае
монанд аст, ки аз ду тугмача ва як чархак иборат аст.
Тугмачаи тарафи
чап асосан функсияи тугмачаи Enter-ро ичро намуда, тугмачаи рост
менюи системавиро даъват мекунад. Чархак функсияи тугмачахои Page Up
ва Page
Down-ро, ки варакгардонии экран ба
боло ва поён мебошад, ичро мекунад. Харакатдихии мушак дар чои хамвор харакати
объекти графикии экрани монитор – нишондихандаи мушакро ба вучуд меорад.
Барномае, ки кори мушакро идора менамояд ба таркиби системаи амалиёти дохил
шуда, драйвер муш номида мешавад.
Принсипи
идоракунии мушак ходисави мебошад. Дар ин чо ходиса гуфта, чойивазкунии муш ва
пахши тугмачахои он дар назар дошта мешавад. Ходисахои ба вучуд омадаро
драйвери муш тахлил намуда, ба барномаи кори барои ичро ирсол менамояд. Мушак
барои кор бо элементхои графики, экрани монитор кулай мебошад.
Муш
се намуд мешавад:
1.
Мушхои механики, яъне он мушхое, ки дар кисми
поёнии он саккочаи охании бо резин рўпўшкардашуда хаст. Онро дар рўйи колинчааш
ба харакат меорем, нишондихандааш дар экран ба худаш параллел харакат мекунад.
2. Мушхои оптики. Ин гуна мушхо ба чои саккоча
чарогаке доранд, ки онро «светодиод» меноманд. Ба воситаи он мушро идора
мекунанд.
3. Мушхои
бенокил.
Ин гуна мушхо монанди он тачхизоте, ки дар оинаи нилгун хастанд ва бо ёрии он
оинаи нилгунро идора мекунанд, яъне «Пульт» мебошад ва айнан монанди хамин
асбоб истифодабаранда метавонад, компютерро аз масофа идора кунад.
Принтер.
Принтер тачхизоте мебошад, ки барои дар рўйи когаз ба чоп баровардани
ахбори дар хотираи компютер сабтшуда хизмат мекунад. Принтерхо аз рўйи
амалиёташон матрисави, рангпошанда ва лазери мешаванд.
Дар
принтерхои матрисави амали чопкуни бо ёрии сарак, ки дар рўйи когаз
харакат менамояд, ичро мешавад. Дар сарак сўзанхои борик вокеанд (диаметри онхо
0,2 мм)
ва дар лахзахои даркори ба харакат дароварда мешаванд. Комбинатсияи муайяни
сўзанхо ба тасмаи ранга зарба мезананд ва дар когаз тасвир хосил мешавад;
мачмўи нуктахои чопшуда намуди ин ё он рамзро хосил менамояд. Сараки чопкунанда
9, 18 ё 24 сўзан дорад, ки ба намуди росткунча (матритса) чойгир шудаанд. Сифат
ва суръати чопкуни аз микдор ва андозаи сўзанхо вобаста мебошад.
Принтерхои
рангпошанда ахборотро
ба воситаи найчачои махсус ва когазхои махсус ба чоп медиханд. Суръати кори ин
гуна принтерхо нисбат ба принтерхои матрисави баланд буда, дар 1 дакиќа 8 – 10
варак матнро ба чоп медиханд. Сифати кориашон низ хуб аст, ба шарте ки ахборро
бо варакхои махсус чоп кунем. Ин гуна принтерхо ахборро хам ранга ва хам сиёху
сафед чоп мекунанд. Як рангдон (картрељ) – и рангаи принтерхои рангпошанда 150
сахифа ва сиёху сафед 2000 сахифаро ба чоп медиханд.
Принтерхои
лазери
ахборро ба воситаи нусхабардори ва бо ёрии пошидани хокаи махсус ба чоп
медихад. Суръати кори ин гуна принтерхо хеле хам баланд буда, дар як дакика 10
то 24 сахифаро ба чоп медиханд. Сифати кориаш низ баланд аст. Принтерхои лазери
ахборро хам ранга ва хам сиёху сафед ба
чоп медиханд. Як рангдони чунин принтерхо аз 2500 то 10 000 сахифаро чоп
карда метавонад. Истехсолкунандагони асосии принтерхои лазери Canon
ва Helwett Packard
мебошанд.
|