informatika-tj.ucoz.org Суббота, 21.06.2025, 20:24
| RSS
Асосӣ |
» Меню сайта

» Наш опрос
Оцените мой сайт
Всего ответов: 521

» Статистика

Главная » 2011 » Ноябрь » 19 » АСОСХОИ КОР БО КОМПЮТЕРХОИ ФАРДИ
02:43
АСОСХОИ КОР БО КОМПЮТЕРХОИ ФАРДИ

АСОСХОИ КОР БО КОМПЮТЕРХОИ ФАРДИ

           Дар вакти истифодаи компютерхои фарди, хар як истифодабаранда бояд кор бо хуччат (файл), папка ва истифодаи дискхоро донад, чунки дар тамоми фаъолияти кори бо онхо сару кор дорад. Ба асосхои кор бо компютерхои фарди тарзхои сохтани файлхо ва папкахо, нусхакуни, гузаронидан, сабтнамоии онхо, истифодаи барандахои гуногуни ахбори (дискхо, дискетахо, флэшкахо), роххои гуногуни воридкунии маълумотхо ба хотира ва хоказо дохиланд. 

Асоси хамаи системаи амалиётиро файлхо ташкил медиханд.

Файл гуфта, як кисми сатхи дикскро меноманд, ки ба он номи муайян дода шудааст ва дар он ягон микдор ахборот нигох дошта мешавад.

Дар файл хуччатхои гуногун, тасвирхо, барномахо, додашудахо ва гайра нигох дошта мешаванд. Хатто, худи системаи амалиёти хам дар файлхо чойгиранд. Файлхо дар папкахо нигох дошта мешаванд. Маълумотхое, ки ба воситаи тугмачахои клавиатура ба компютер дохил карда мешавад, дар вакти дар хотираи он нигох доштан, бо файл номгузорї карда мешавад. Файлхо аз якдигар бо номашон фарќ мекунанд. Номи файлхо аз ду кисм иборат аст:

-Номи асоси

-Номи иловаги

Номи асоси аз номи иловаги бо аломати нукта (.) чудо карда мешавад. Масалан, Дилором .doc, дар ин чо Дилором номи асоси буда, doc  – номи иловаги мебошад. Дар системаи амалиётии Windows XP номи иловаги нишон дода намешавад.

Дар барномаи  Windows XP номи асосиро то 252 рамз, номи иловагиро то 3 рамз ишора намудан мумкин аст. Номи пурраро бошад, то 256 рамз ишора намудан мумкин аст. Айнан аз рўи номи иловаги системаи амалиёти мефахмад, ки файл ба кадом барнома тааллук дорад. Дар системаи амалиётии Windows  номгўи зиёди номи иловаги номнавис шуда, барои хар яки онхо нишонахо чудо карда шудаанд.  Масалан, .txt – файли матнии Блокнот, .doc – файли матнии Ms. Word, .xls – файли Ms. Excel, .exe ё .com  – файлхои ичрошаванда ва хоказо.

Роххои гуногуни сохтани файл (хуччат) вучуд дорад. Вакте ки мо ягон барномаро ба кор омода менамоем, ин маънои онро дорад, ки мо хуччат сохтем. Инчунин хуччатро хангоми истифодабарии фармони «Создать»-ро аз банди «Файл»-и менюи барномахои амали ё тугмачахои лавха (панел)-и тачхизотхои барномахои амали сохтан мумкин аст.

Папка – гуфта, чои махсусеро дар диск меноманд, ки дар он файлхо нигох дошта мешавад.

Папкахо низ аз якдигарашон бо номашон фарк мекунанд. Коидаи номгузории папкахо ба номгузории файлхо монанд аст, лекин онхо номи иловаги надоранд. Папкахо рамзи худро дошта, дар поёнаш ё дар пахлўяш номи онхо навишта мешаванд. 

Барои сохтани папка истифодабарандаи компютер нишондихандаи мушро дар чои дилхохи мизи кори ё дигар папка, барнома гузошта, тугмачаи рости онро пахш намудан мумкин аст. Аз менюи пайдошуда фармони «Создать» ва аз он сатри «Папка»-ро интихоб мекунем. Дар натича дар чое, ки курсор истода буд, рамзи папка бо навиштачоти «Новая папка» бароварда мешавад. Ин навиштачотро тоза намуда, номи ба худамон маъкулро гузошта, дар он хуччатхои даркори нигох медорем.

 

Просмотров: 7769 | Добавил: Сайфуллоҳ | Рейтинг: 2.7/23
Всего комментариев: 1
1 Хасан  
0
http://informatika-tj.ucoz.org/news/asoskhoi_kor_bo_kompjuterkhoi_fardi/2011-11-19-7

Имя *:
Email *:
Код *:
» Поиск

» Календарь
«  Ноябрь 2011  »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930

» Архив записей

» Друзья сайта
  • Официальный блог
  • Сообщество uCoz
  • FAQ по системе
  • Инструкции для uCoz


  • Copyright MyCorp © 2025